А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони маҳаллаи Коммунизми ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ атрофи Паёми Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Оби ошиқи ҷамоати деҳоти Ифтихор мулоқот баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамаи паҳлуҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба масъулини мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз он ҷумла, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатулло Ашȳров изҳор дошт, ки Паёми Сарвари давлат ҳуҷҷати саримизии ҳар яки мосту татбиқи он, зиндагии шоистаи мардум буда, ояндаи зиндагиамон аз он маншаъ мегирад.
Дар чорабинии мазкур, Маҳмадовуд Ҳалимов ҳамчунин андешаҳояшро баён намуда, таҳлилу хулосаҳои коршиносонро оид ба нуктаҳои Паём ба самъи ҳозирин расонид.