БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НУҲМОҲА ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ОЯНДА

ВОСЕЪ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Гулмуродзода Бибинисо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Сафар Ҳафиза Разоқ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, аъзои Раёсат ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ баргузор гардид.

Сараввал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ дар бораи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ноҳия ва вазифаҳо барои давраҳои оянда баромад намуд.

Баъдан Мирзоева Гулрухсор мудири  шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия оид ба иҷрои нақшаи “Обуна- 2022” ба нашрияҳои ҳизбии "Ҳамрози халқ" ва "Минбари халқ " дар назди ҷамъомадагон баромад кард.

Аз рӯи масъалаҳои баррассигардида, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ  ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ноҳия Иботов Диловар баромад намуд.

Баъдан  Наврӯз Ҳусейнзода оиди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо тибқи Роҳнамо, ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротӣ  ва дигар камбудиҳои ҷойдошта  суханронӣ намуд.

Дар идомаи маҷлис муовини раиси ноҳия Гулмуродзода Бибинисо  суханронӣ намуда, барои ҳарчи зудтар  иҷрои нақшаи "Обуна 2022" ба нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Ҳамрози халқ" раисони ташкилотҳои ибтидоиро вазифадор намуд.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул кард.

Дар охири маҷлис ба якчанд нафар ҷавонони фаъол, ки барои ба сафи ҲХДТ пайвастан аризаҳои худро пешниҳод карда буданд, билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд ва инчунини собиқадорон ва аъзоёни фаъоли ҳизб,  барои саҳми арзандаашон дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg