ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи бемориҳои зуҳравӣ ва пӯст"-и ноҳияи Восеъ маҷлиси умумӣ баргузор гардида, дар он фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи сеюми соли 2021 баррасӣ ва муҳокима гардид.
Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ташкилоти мазкур Қаландарова Бибинисо доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи сеюми соли 2021 ҳисобот дод.
Дар рафти маҷлиси ҳисоботӣ масъулини ҳизбӣ оид ба масъалаҳои пурра ва дуруст ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, иҷрои пурраи нақшаи “Обуна-2022”, иштироки фаъолона дар аксияҳои ҳизбӣ ва дигар корҳои ба анҷомрасонида суханронӣ намуданд.
Дар охир маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.