ҶАЙҲУН. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри расонидани муҳтаво ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории ноҳия суҳбату вохӯрӣ баргузор намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аъзо ва ҷонибдори ин ҳизби пешсаф ва созандаи кишвар гарданд. Зеро аъзои ҲХДТ будан шараф аст. Зимни суҳбат ҳозирин мақсад ва муҳтавои вохӯрии мазкурро хуб дарк намуда, иброз намуданд, ки моро ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бипайвандед ва мо ҷонибдору ҳамқадами ин ҳизби созанда ҳастем.