![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180620_122113.jpg?itok=hb0rdmPO)
ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ҷиҳати тақвият додани робита бо сокинони деҳа, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони деҳаи Чорсадаи 2-и ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад атрофи тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва дӯстию иттифоқи, ки кафили муваффақият ва рушди давлату ҷомеа ва умуман манбаи амалишавии орзую ормонҳои нек ва ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат ороста, моҳияти масъалаҳои болозикрро ба сокинон расонида шуд. Чунин ҷамъомаду вохӯриҳои судманд дар ҳудуди ноҳияи Данғара бо маром идома доранд.