КӮШОНИЁН. Кормандони ташкилоти ибтидоии "Раёсати Омор" бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбастии худро оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2021баргузор намуданд.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Раёсати Омор" оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, нафарони масъулиятнокро ба сафи ҳизб аъзо кардан, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҳоказо суханронӣ намуд.
Дар маҷлис аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои ободкориву созандагӣ, аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри ободиву сарсабзии кишвари маҳбуб саҳми босазои худро гузоранд.