КӮШОНИЁН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ" баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аъзошавии нафарони масъулиятнок ба сафи ҳизб, дастовардҳои замони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ изҳори андеша намуд.
Дар маҷлис аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар корҳои ободкориву созандагӣ, аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри ободиву сарсабзии кишвари маҳбуб саҳми босазои худро гузоранд.