БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ НАМО!

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, (COVID-19), ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин  якҷоя  бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроия деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд.

Абдуллоев Ваҳобуддин бо аҳолии маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Қубодиён дар доираи аксияи ҳизбӣ бо  усули “хона ба хона” суҳбат карда, роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  ва пешгирӣ аз он маълумот дод.      

Дар рафти чорабинӣ диққати асосӣ ба пешгирӣ аз беморӣ, яъне риояи гигиенаи шахсӣ тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва маҳал қатъиян таъкид карда шуд.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудан аз бемории коронавирус ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ  165 нусха ба 165 оила дастрас карда шуд.           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg