БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУТАХАССИС НИЁЗ БА ТАЪРИФУ ТАВСИФ НАДОРАД

АНДЕША. Нафаре, ки дорои қобилият аст ва дар иҷрои коре чиррадаст мебошад, мутахассис ном мебаранд. Мутахассис қобилияти хуби зеҳнии дарки масъала дошта, имкони ҳалли ӯро меёбад. Баръакси мутахассис, яъне ноуҳдабаро касест, ки доимо баҳонаҷӯиро пеши рӯ оварда ин ё он корро мисол меораду онро мушкилоти азим мешуморад.

Дар бештари ширкатҳои азим ҷиҳати ишғоли вазифаҳо озмунҳо барои дарёфти беҳтарин мутахассисон эълон менамоянд. Чаро ? Бо он мақсад, ки ширкатҳои тиҷоратӣ бояд дар фурсати кӯтоҳ рушд намоянду таваҷҷуҳи аксариятро ба худ ҷалб мозанд. Дар ин сурат онҳо ба яке аз ширкатҳои муваффақ табдил хоҳанд ёфт. Аз ҷониби дигар ба воситаи равоншиносон ҳар як мутахассисро барои иродаи қавӣ доштан ба вазифа ё кор майл доштанаш месанҷанд. Вақте, ки корфармо мутахассисро пайдо намуд, барои ӯ тамоми шароитро муҳайё менамояду масъалаҳои иҷтимоии ӯро зина ба зина ҳал мекунад. Зеро як мутахассиси закӣ метавонад дар як лаҳза ҷойи даҳҳо нафарро иваз намояд.

Мутахассис ё ба маънои дигар нафари кордон ба таърифу тавсиф ниёз надорад. Танҳо маҳорати корӣ, чолокӣ ва садоқати ӯ ба касб атрофро фаро гирифта, харидоронаш то рафт бештар мегардад. Мисоли оддӣ футболбозони машҳури дунё бубинед чи гуна арзиш доранд. Ё ин, ки нафароне, ки дар як корхона кор мекунанду кори онро дар ҳамонҷо ду се нафар медонад. Рафтор ва ҳаракатҳои чолоконаи ӯ достонҳо шуда гирди забони дигарон тоб мехӯрад. Ин худ таблиғу ташвиқи ҳамон корманд мегардад.

Аз ин лиҳоз ҳар як ҷавон ё нафаре, ки ба идора ё коре машғули вазифа ҳаст, бояд сидқан ва бо иродаи қавӣ кор кунаду талабот ва масъулияти ба зиммадоштаашро ба ҷо биёрад. Агар ҳатто роҳбар ё дигар нафарро кори ӯ хуш наояд, пас овозаи кордонӣ ва мутахассис будани он ба гӯши дигарон расида бе кор нахоҳад монд. Мутахассис нафарест, ки зархарид ва корфармоён ба ӯ эҳтиёҷ доранд.

Сафаралӣ Мирзоев,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg