БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНБӮРПАРВАРӢ СОҲАИ СЕРДАРОМАД ВА ДОРОИ ИМТИЁЗ АСТ

АНДЕША. Асалпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва дорои имтиёз аст. Ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад ва зери назорат қарор дорад.

Ҳатто дар ин самт баъзан бонкҳо бо фоизи кам қарзҳо медиҳанд. Дар шаҳри Душанбе мағоза ҷиҳати таъмини маводҳо барои занбӯри асалпарварӣ фаъолият менамояд. Яъне, дастарасӣ ба маводҳои зарурии ин соҳа имконпазир аст. Дар шаҳру ноҳияҳо бошад,  устоҳои маҳаллӣ ҷиҳати омода намудани қуттиҳои  занбӯриасалпарварӣ таҷриба ҳам доранд. Агар нафаре мақсади парвариши занбӯрро дошта бошад, пас метавонад дар ин самт каме ҳаракат намояд ва натиҷаашро хоҳад дид. Асал дар ҳама давру замон маҳсулоти гаронарзиш маҳсуб ёфта, талаботаш зиёд аст.

Аз ҷониби дигар парвариши занбӯри асал барои баъзан беморон манфиатбахш мебошад. Ин соҳаест, ки сердаромад ва дар он заҳмати зиёд талаб карда намешавад. Танҳо бо гирифтани дастур аз мутахассисон метавон корро шурӯъ намуд. Занбӯри асалпарварӣ даромади иловагии оилавӣ шуда метавонад. Танҳо узви оиларо зарур аст, ки нозукиҳои ин касбро азхуд намоянд.

Асал ин маҳсулотест, ки агар чи қадар табиӣ бошад, арзишашро гум намекунаду серхаридор мешавад. Табиати кишвари азизи мо барои парвариши занбӯри асал қуллай буда, мутахассисро зарур аст, ки маконҳои заруриро барои нигоҳдории оилаи занбӯрҳо интихоб намояд. Дар вақти баҳор дар водиҳои ҳамвор ва дар фасли тобистон бошад дар минтақаҳои кӯҳӣ, ки боду ҳавои мусоид дорад нигоҳ доштанаш ба манфиати ҳар як занбӯрпарвар аст.

Хуллас, бино ба иттилои мутахассисони маҳаллӣ парвариши занбӯри асал, ҳар як нафарро бе маблағ намегузорад ва як даромади иловагӣ маҳсуб меёбад.

Сафаралӣ Мирзоев , муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg