БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БАҲТАР АСТ...

АНДЕША. Миллати  тоҷик таърихи  куҳан дошта, чун миллати тамаддунсоз дар масири  таърих мақоми  хосаро касб карда омадааст. Тоҷик миллатест, ки  бо илму фарҳанг ва адабиёти қадимии худ миёни қавму миллатҳои дигар ҷойи муайянро ишѓол намуда, имрӯз дар арсаи  ҷаҳон бо эҷодиёти фарзандони  барӯмандаш фахр дорад. Тавре аз таърих муайян мегардад, тоҷик аз қадим соҳибдавлату соҳибдевон будаву дар алоқаи  дӯстиву равобити илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо дигар миллату давлатҳо будаву ҳаст. Айни ҳол тоҷикон тӯли 30 сол мешавад, ки  дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон зиндагӣ карда истодаанду бо бисёр давлатҳои  ҷаҳон дар алоқаи  дӯстиву ҳамдилӣ доду гирифти иқтисодӣ. Аз азал шиори зиндагии хурду бузурги ин миллат: “Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд”, аст.

Имрӯз тоҷикон дар ҳамсарҳадӣ ва ҳамсоягӣ бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афѓонистон, Чин, Ӯзбекистон ва Қирѓизистон зиндагӣ доранд. Агар ба таърихи зиндагии миллатҳои тоҷику ӯзбек ва қирѓиз нигарем мебинем, ки ин мардум аз азал бо ҳам на танҳо робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ, балки дар алоқаи  хешутаборӣ ҳам будаанд. Зиёда аз ин имрӯз дар Тоҷикистон шумораи зиёди ӯзбекҳову қирѓизҳо зиндагӣ доранду марому мақсадашон бо миллати тоҷик як - гугулшукуфии Тоҷикистон, таҳкимӣ дӯстӣ ва расидан ба зиндагии боз ҳам шоистатар. Зеро ҳар як сокини Тоҷикистон, новобаста аз  миллату халқият, дарк намудааст, ки сулҳу субот амнияту оромӣ  мояи шарафёб гардидан ба мақсадҳои  наҷибаш аст. Зиндагии ширину нотакрор ва шоиставу гуҳарбор танҳо дар замони осоиштагӣ ва айёми ваҳдату якдилӣ ба инсонҳо муяссар мегардад.

Мутаассифона, имрӯз ин дӯстиву якдилӣ миёни тоҷику қирѓизҳо, ки ба ҳам  ҳамсояи наздиканд ва чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар бо ҳам чун бародарони ҷонӣ зиндагӣ доранд ба гурӯҳе  сабаби пиёда намудани ѓаразҳои нопокашон гаштаасту ба ин оромӣ ва дӯстӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ бо чашми ҳасад менигаранд. Хоса он кӯрнамаку носипосоне, ки дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ берун аз марзи Тоҷикистон бо ҳар як баҳонаи ночизе ин ду миллати бо ҳам дӯстро ба ноамнӣ кашиданӣ мешаванд. Қисмате аз норозиёни раванди сулҳу оромии кишвар миёни ин ду миллат тухми душманиву якдигарбадбинӣ мекоранд. Аммо  ин як кӯшиши бесамарест. Аҳли башар хидматҳои таърихии сулҳофаронро медонаду қадр мекунад. Тири ѓаразноки  ин бадхоҳон ҳамеша хок мехӯрад, зеро тавре мегӯянд: “Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад”.

Чунон, ки дар боло зикр кардем, миллати тоҷик аз азал сулҳофару ваҳдатсоз буда, бо азму иродаи азалии бузургтарин чеҳраи арсаи сиёсат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагӣ чун беҳтарин ва нодиртарин армуѓом ба ин миллат  ҳадя гардид, намегузорад,  ки ин ҳадя осеб бинад.

Минбаъд низ миллати тоҷик чӣ бо ҳамсоягони худ ва чӣ бо тамоми аҳли сайёра дар равобити дӯстию якдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ мемонад. Зеро аз дили ҳар як сокини ин кишвар садои “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо”, шунида мешавад.

Расулов Ғолиб,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg