![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180410_150944.jpg?itok=3neED4Cw)
ВОСЕЪ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфта буд: “Барои мардуми мо Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва арзишмандтарин неъмат ба ҳисоб рафта, он дар радифи эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи бузургу созанда ва сарнавиштсоз ба шумор меравад ва дар замони муосир бояд ин ду неъмати бебаҳоро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ҳифз карда, онҳоро азизу муътабар донем”.
Вобаста ба ин дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов бо иштироки васеъи сокинони ҷамоат, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, инчунин бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ андешаронӣ карда шуд.
Зимнан корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Давлаталии Қурбоналӣ ба сухан баромада гуфт, ки вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бо нангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қиммати ниҳоят гарон ба даст омадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Инчунин, вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ки ин дар кадом шароит, бо чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳо ба даст омадааст.
Дар робита бо ин сокинон зикр намуданд, ки шукргузори он ҳастем, ки имрӯз ҳамаи рамзҳои давлатдориро дорем. Ба мо танҳо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ воҳид бошему баҳри шукуфоии кишвар аз як гиребон сар бароварда, ба меҳнати ҳалол Тоҷикистони азизамонро ободу зеботар гардонем.