ДӮСТӢ. Оид ба баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию адабӣ ва озмуни "Иншои беҳтарин" бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни донишҷӯдухтарон ва хонандагони синфҳои болоӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ суҳбату вохӯрӣ доир намуда, мақсад ва ҳадафу мароми озмуни мазкурро байни ҷавонон ва хонандагони синфҳои болоӣ тарғиб менамоянд. Инчунин, иштироки ҷавонону хонандагонро дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон- Ватани азизи ман" тавсия дода, довталабона хизмат кардани ҷавононро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ менамоянд.