БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪАСТӢ ҲИЗБИЁН ҲИСОБОТ ДОДАНД

ХУРОСОН. Тибқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “ Таъминоти  нафақа” маҷлиси ҳисоботии  нуҳмоҳа баргузор гардид.

Дар маҷлис оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидои дар  нуҳ моҳи соли 2021 раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Рабиев Шамсулло  маърӯза намуда, вазифаҳои навбатиро барои семоҳаи чорум муйян кард.

Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуда,  таъкид кард, ки барои иҷрои дастуру супоришҳо  ҳамеша омода бошем.  Ӯ илова намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла маъюбон, шахсони бесарбонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадорон ҷиддӣ муносибат намоем, чунки дастгирии ниёзмандон яке аз  вазифаҳои муҳимтарини кормандони соҳаи таъминоти ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа  мебошад.

Дар ба кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таъминоти нафақа” билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg