БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО”-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбасти 9-моҳаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок доштанд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Кабирзода Наврӯз кушода, нахуст оид ба фаъолияти ташкилот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  ҳисоботи худро ироа намуд.

Дар ҷараёни маҷлис иброз гардид, ки дар давраи сипаригардида ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо ҷалби ҷавонон ва фаъолон сафи аъзои ҳизбро зиёд намуда, дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ҳамчунин, дар маҷлис масъулини ҳизбӣ суханронӣ намуда, аз натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва инчунин, иброз доштанд, ки аъзои ҲХДТ будан барои ҳар яки мо ифтихор ва сарфарозист. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ баҳри ободӣ ва тараққиёти кишвари азизамон сидқан талош намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg