Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бахши фарҳангӣ” ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки аъзои ҳизб кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии мазкур аз фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилот ҳисобот пешниҳод намуда, гуфт, ки оид ба масъалаҳои ҳалталаби ташкилоти ҳизбӣ ва корҳои ба анҷомрасонида, ҷиҳати таблиғи Оиннома ва Барномаи ҳизб, ҳаракати аъзои ҳизб тибқи нишондоди Роҳнамо барои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳамарӯза фаъолият намуда истодаанд.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар баргузории маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2021 иштирок ва баромад намуда, қайд карданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.
Кормандони соҳаи фарҳанг ҳифзи фарҳанги миллиро бо дарназардошти завқи наслҳои имурӯза вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобида дар байни мардум бахусус, ҷавонон васеъ ташвиқу тарғиб намоянд. Инчунин, бо мақсади омӯзиши аниқи таърии пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президент чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шуд. Бо мақсади ба оламиён муаррифии осори илмию адабии ва фарҳанги тоҷикон 5500 солаги Саразм ва 7000 солагии шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешаванд. Бахши фарҳанг китобхонаҳои мавҷударо бо адабиёти нав ва дар деҳаҳои калон китобхонаҳо ташкил намоянд. Пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявӣ ҳар сол баргузор мегардад, ки масъулияти шумо кормандони фарҳанг дар баргузории он хеле назаррас бояд бошад.