ХУРОСОН.Мувофиқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳа дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи барқ” маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2021 бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон баргузор карда шуд.
Зимнан доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Молия” ҳисобот дод.
Дар ҳисобот оид ба масъалаҳои ҳалталаби ташкилоти ҳизбӣ ва корҳои ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғи Оиннома ва Барномаи ҳизб, ҳаракати аъзои ҳизб тибқи нишондоди Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ахборот пешниҳод гардид.
Сипас, намояндаи Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон, татбиқи қисмати амалии Аксияҳои ҳизбии «Якҷоя месозем!» , «Тозагии маҳал», роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ва ғайраҳо сухан гуфт. Дар охир дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.