ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо гурȳҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ҷамоати шахраки Вахш бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳоли оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурȳҳҳои террористию экстремистӣ ҷамъомад доир карда шуд.
Дар чамъомад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Камолов Сафаралӣ ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия И.Ҷалилов иштирок доштанд.
Зимни баромад Сафаралӣ Камолов дар назди ҷамъомадагон зикр кард, ки моро зарур аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ба хотири пешгирӣ кардани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу гурȳҳҳои ифротӣ, амалҳои номатлуби ҷомеа ва тарбияи дурусти фарзандон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем ва онҳоро зери назорат гирем.