ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор ва раиси ташкилоти ибтидоии «Нури Хуросон» Шукуриён Абдулазиз бо аъзои ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ғуломов Саидасрор ва Шукуриён Абдулазиз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12 майи соли 2018 бармеояд, инчунин оид ба сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик ки рӯзи 2 июни соли равон бармеояд, суханронӣ намуданд.
Баъд аз баргузории вохӯрӣ Ғуломов Саидасрор бо тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, ташкили шиору овезаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии «Нури Хуросон» шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони муттасаддӣ тавсияҳои судманд дод.