КӮШОНИЁН. Ҷамъоварии маҳсули дастранҷи марди деҳқон дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳияи Кӯшониён бо маром идома дорад.
Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ кӯшиш менамоянд, ки барои пахтачинон шароити мусоид фароҳам оваранд.
Бо ин мақсад, шахси саховатпешаи деҳаи Саъдии Шерозии Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳия Зайниддин Набиев чинакчиёнро бо хӯроки гарми яквақтаина зиёфат дода, бо ин амали хайрхоҳонаи худ дар ҷамъоварии тиллои сафед саҳми босазо гузошт.