БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ МАН ДАР ОБОДИИ ВАТАН

КӮШОНИЁН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "КАТС" баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  вобаста  ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди иштирокчиён вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аъзошавии нафарони бомасъулият ба сафи ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ кард.

Дар охири маҷлис аз иштирокдорон даъват карда шуд, ки ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ диққати ҷиддӣ дода, дар корҳои ободониву созандагӣ, аксияҳои  ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри сарсабзию гулгулшукуфии диёр саҳми босазо гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg