КӮШОНИЁН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "Заргар"-и ноҳия баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Заргар"-и ноҳия оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар назди иштирокчиён вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аъзошавии нафарони бомасъулият ба сафи ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатдории ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ кард.
Дар охири маҷлис аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ диққати ҷиддӣ дода, дар корҳои ободониву созандагӣ, аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намоянд ва баҳри сарсабзию гулгулшукуфии меҳани маҳбуб саҳми сазовор бигузоранд.