БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ҚУБОДИЁН. Бо иштироки аъзои фаъоли  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мусурмонов З бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав  Исмоилов Иброим раиси ташкилоти ибтидоии “Куҳандиз” Сафаров М., раиси ташкилоти ибтидоии “Тахти Қубод” Чиллаев З., раиси ташкилоти ибтидоии “Биноӣ” Раҳимова Д., раиси ташкилоти ибтидоии “С. Шерозӣ” Қурумов Ф. ва фаъолон маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботии нуҳмоҳа раисони ташкилотҳои ибтидоии болозикр  ҳисобот дода, барои вазифаҳои минбаъда қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Зимни баромад раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав Исмоилов Иброим дар бораи ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб суханронӣ карда, барои ба тартиб овардани утоқ ва ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳо дода, таъкид кард, ки аъзои фаъоли ҳизб ҷиҳати саҳмгузорӣ дар тадбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, аз ҷумла амалисозии аксияҳои ҳизбӣ ва корҳои созандагию ободонӣ бояд бо ҳам буда, якҷоя метавон ба ҳама пешравиҳо  ноил гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg