БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО БОЯД АЗ КОРОНАВИРУС ҲИФЗ КАРД!

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, (COVID-19) муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин, дар якҷоягӣ  бо Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ва волонтиёрони назди Кумитаи иҷроия корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ  баргузор намуданд.

Дар чорабинии ҳизбӣ Абдуллоев Ваҳобуддин бо сокинони маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Қубодиён бо  усули “хона ба хона” вохӯрӣ карда, ба сокинон роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  ва роҳҳои пешгирии онро пурра фаҳмонида, барои ҳифзи солимии худ ва дигарон маслиҳатҳои судманд пешниҳод намуд. Волонтёрони ҳизбӣ бошад дар навбатӣ худ ба мардум варақаҳои иттилоотиро ба миқдори 150 нусхаро дастрас карданд.       

Дар рафти вохӯриҳо диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риояи гигиенаи шахсӣ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгордориро қатъиян риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg