ВОКУНИШ. Дар доираи сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор давлатҳои Аврупо, як гурӯҳ ҷавонони гумроҳ, ки ба доми макри роҳбари ТЭТ наҳзатиҳо Кабирии ватанфурӯш афтодаанд, шиору овезаҳо дар даст бар зидди ҳукумати демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо баланд мекунанд.
Бояд гуфт, ки ин ҷавонон дар ҳақиқат гумроҳанд ва ба фиреби рӯбоҳи маккор Кабирӣ афтодаанд ва дигар чорае ба ҷузъ иҷро кардани супоришҳои хоҷагони хориҷиашон надоранд.
Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати тоҷиконро ҳамчун Ҷумҳурии демократию ҳуқуқбунёд эътироф кардаанд ва Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон мешиносанд.
Иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмонҳои пурнуфузи ҷаҳонӣ дастгирию ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амал татбиқ менамоянд.
Боиси қайд аст, ки ҳар як сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва шукуфоии кишвар нигаронида мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сафарҳоро танҳо барои манфиати миллӣ, имзои шартномаҳое, ки барои давлати мо муҳим мебошанд ва бо мақсади нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштан, анҷом медиҳанд.
Хусусан сафарҳои навбатие, ки айни замон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо анҷом доданд, натанҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба хотири сулҳу субот дар минтақа, истодагарии дастаҷамъона дар баробари терроризму экстремизм ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошад.
Дар сурате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба суханҳои Пешвои миллати тоҷикон гӯш медиҳанд, пас биёед мо миллати тоҷик теша ба решаи худ назанем ва дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, ин Ватанро, ки номаш Тоҷикистон мебошад, обод созем.
Зоиров С., муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ