ВОКУНИШ. Таҷриба собит месозад, ки гурӯҳои ифротгаро метавонанд барои расидан ба ҳадафои нопоки худ аз номи дину мазҳаб ва қавму миллат суистифода кунанд. Вале дар асл ягон дину оин ва қавму миллат бар он нест, ки мардуми осоиштаро ҳамчун ҳадаф барои амалҳои нопоки худ қарор дода, ҳаёти онҳоро ноорому халқро зери зулму ситам қарор диҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати байналмилалӣ бо як силсила ташаббусҳо баромад намуд, ки ба муҳимтарин мушкилоти курраи замин бахшида шудааст.
Хусусан, пешниҳодҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об фарогир буда, солњои охир дар сиёсати умумиҷаҳонӣ аз нуқтаҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳамаи ин дастовардҳо албатта бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат насибамон гаштааст, ки мо имрӯзҳо бо ин ҳамеша ва дар ҳамаҷо ифтихор дорем.
Боиси таасуф аст, ки роҳбарону масъулони Гурӯҳи мамнуъи 24 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дошта, фаъолияти ғаразноки худро бо дастгирии доираҳои ифротию иртиҷоии мазҳабии хориҷӣ мехоҳанд бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Бо иғвоангезиҳо ва баромадҳои пучу беасос мехоҳанд вазъро ноором гардонанд ва давлати соҳибистиқлоламонро, ки бо чанд машаққату мушкилот ба даст овардем боз халалдор созанд. Онҳо бозичаи дасти бегонагон гардидаанду ғайри бадбахтӣ чизи дигаре намеорад.
Тавре ҳамагон шоҳид ҳастанд ҳангоми сафари кории навбатии Пешвои миллат ба давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса, аъзоёни ин гурӯҳи хурдакаки тундрав бо дастгирии хоҷагони хориҷию манфиатҷуяшон бо шиорҳо ва барномае, ки бар зидди миллати тоҷик ва арзишҳои миллӣ мебошанд ба ҳамоиши ғайриқонунӣ баромада, бори дигар бешарафию маданияти пасти худро нишон доданд, ки боиси таасуф аст.
“Гурӯњи 24” дар хориҷи кишвар бо фазилатфўрушиву ба бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул буда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмиллалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд. Мақсади асосии ин бешарафон ба шӯр овардани мардум ва номуътадил гардондани вазъият мебошад. Аммо ин кӯрдилону кӯрнамакон бехабар аз онанд, ки мардуми тоҷик алакай аз манфиату нияти нопокашон хабардор ҳастанд. Мехоҳанд бо рафтори бешарафонаашон обрӯи давлати Тоҷикистон ва Сарвари онро дар назди ҷаҳониён паст зананд, лекин шармандавор иқрор бояд шаванд, ки Пешвои сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро имрӯзҳо қариб, ки тамоми Роҳбарони Олии кишварҳои ҷаҳон ҳамчун шахсияти бузург ва сиёсатмадори варзида мешиносанд ва аз корнамоиҳояшон сабақ омӯхта ба ӯ эҳтиром меоваранд.
Имрўз ҳамаи мардуми Тоҷикистон шоҳид ҳастанд, ки тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии Пешвои муаззами миллат ва давлати соҳибистиқоламон ба намоиш гузошта шудааст, ки аз чунин давлату Пешвои муаззами миллат мо ифтихор дорем. Ва боз ҳам лозим аст, ки мо масъулин ва кормандони ВАО сиёсати сулҳҷуёнаи Тоҷикистонро мавриди дастгир қарор дода, тамоми пешравиҳои кишварамонро дар рушди сиёсати байналмилалӣ ба ҷаҳониён боз ҳам муаррифӣ намоем. Ин аст, ки нуфузу обрўи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол ба сол боло меравад ва кишварҳои олам тамоюли худро барои густариши робитањо бо мо эълон медоранд. Тоҷикистон бо баракати сиёсати сулҳҷуёна ва ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи шарикони хориҷии мо кишваре шинохта мешавад, ки ояндаи босубот ва сиёсати устувор дорад. Ин навъи нигариш, бешубҳа, роҳро барои ҳамкориҳои оянда ва сармоягузориҳои дарозмуддат боз намуда, заминасози рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақшофарии бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд.
Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар