ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сафаралӣ Шарифзода ва Фирӯз Пиров бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и ноҳия вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баргузории вохурӣ Сафаралӣ Шарифзода оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ суханронӣ намуда, иштирокдоронро раҳнамоӣ кард.
Инчунин, Фирӯз Пиров бошад оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми ва оид ба ташаббуси беназири Пешвои миллат Даҳсолаи байналмилалии амал «Об бароирушди устувор, солҳои 2018-2028» суҳбат намуд.