ҶАЙҲУН. Баҳри идома бахшидани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ миёни ҷавонону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷиҳати риояи қатъии пӯшидани сару либоси ягонаи мактабӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” бо ширкати масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш бо омӯзгорон ва таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №7-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки пӯшидани сару либоси ягона яке аз масъалаи мубрам ба ҳисоб рафта, риояи он ҳам ба омӯзгорон ва ҳам ба хонандагон шарт ва зарур мебошад. Ҳамчунин, озмунҳои зикргардида беҳтарин фурсат баҳри дохил шудан ба донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар ва соҳибкасб шудани ҷавонон ба шумор меравад.