ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз бо иштироки муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Адрасбофон» - и ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Баҳманруди ноҳия маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳаи ҳисоботӣ доир карда шуд.
Зимнан раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Аллаёрова Ашӯрой доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муддати нуҳ моҳи ҳисоботӣ баромад карда, вазифаҳои ояндаи ташкилотро барои семоҳаи чорума муайян намуд ва бо дастгирии ҷамълмадагон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Инчунин, кормандони масъули ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо андешаронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки нисбати фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар оянда корро боз ҳам ҷоннок карда, ба қадри талошу заҳматҳои Роҳбари давлат бирасанд.