БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ АЗ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВОБАСТА АСТ

АНДЕША. Амнияти хӯрокворӣ ва ё амнияти озуқаворӣ - ягона вожаҳоест, ки ҳадафи ягона ва сиёсати аграриву иқтисодии давлат, ҳолати иҷтимоие, ки дар ҳар лаҳзаи он тамоми қишрҳои ҷомеа имконияти воқеӣ ва иқтисодии дастрас намудани хӯроквории безарарро барои таъмини зиндагии солим доро мебошад.

Амнияти хӯрокворӣ ҳамчун қобилияти кафолат додани давлат дар бобати қонеъ намудани талабот ба хӯрокворӣ дар сатҳе, ки фаъолияти мӯътадили ҳаётгузаронии аҳолиро таъмин менамояд, дониста мешавад. Дар мавриди таъмин намудани талаботи физиологии организми инсон бо моддаҳои ғизоӣ ва энергияҳо, дар як маврид вазифаҳои пешгирикунанда ва табобатӣ иҷро карда мешаванд. Мояи ғамхорӣ бояд ташкили ғизои солим барои тамоми табақаҳои аҳолӣ бошад, зеро ки солимии аҳолӣ бойгарии давлат мебошад ва ҳифзи амнияти хӯрокворӣ вазифаи ҳамаи мақомоти назоратӣ ба шумор меравад. Дар барномаҳои давлатӣ стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии мардум дар мадди аввали назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мақсади асосӣ баланд бардоштани истеҳсолот ва сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолӣ бо хӯрокворӣ ба тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромад ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсеаи такрористеҳсолкунӣ зарур мебошад, мусоидат менамояд. Бо мақсади таъмини амнияти хӯрокворӣ ва ғизо дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани то се ҳосил дар як солро мардуми ноҳия ҳаматарафа дастгирӣ намуда, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуданд.

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон ва оилаҳои ниёзманд, ки чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонии ҳар як нафари тандуруст, солимфикру соҳибандеша ва тавоно аст. Дар арафаи иду ҷашнҳо зери сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  расонидани кумак ба ҳукми анъана даромадааст ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ аз рӯи имкон кумакҳои моддии яквақтаина, аз қабили орду равған, картошкаву пиёз, макарону биринҷ, гӯшту тухм ва дигар маҳсулотҳои ниёзи аввалияро ба ниёзмандон мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ин дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро давоми нуҳ моҳи соли равон ба оилаи ниёзманди ноҳия кумакҳои яквақтаинаи зиёд бо мақсади ҳифзи иҷтимоии оилаҳои онҳо, расонида шудааст.

Амнияти озуқаворӣ дар ҳолате таъмин ҳисобида мешавад, ки агар хӯроквории мувофиқ аз нуқтаи назари миқдор, сифат, бехатар будан мавҷуд ва дастрас бошад ва ҳамаи табақаҳои ҷомеа ҳама вақт барои таъмини ҳаёти фаъол ва солим чунин хӯроквориро истеъмол намоянд.

Мутаассифона, имрӯз баъзе аз хизматрасониҳо барои бехатарии озуқаворӣ ба таври бояду шояд фаъолият надоранд, ки сарчашма ва манбаи бемориҳо мебошад. Оби нӯшокии техникӣ, безарарнагардонидашуда, дар вақти муайяншуда эмгузаронӣ накардани ҳайвоноти хонагӣ, фурӯши беташхиси  шир дар назди хонаҳои баландошёна сабаби бемориҳо шуда метавонад.

Саёҳат Абдуллозода,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg