БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ МУАЙЯН ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Бахши Ҷавонон" ва “ВНМО” маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳа баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоии мазкур дар борои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, сипас қарорҳои лозимаро қабул намуданд.

Баромадкунандагон дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари Халқ» ва «Ҳамрози Халқ», вазъи сиёсии ҷаҳон, изҳори андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуданд.

Ҳамзамон, атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ карда шуда, ҳамагон барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан ҳидоят гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg