ВОКУНИШ. Чуноне ки мо медонем, рӯз аз рӯз вазъияти дохилии ҳамсоякишварамон Афғонистон печидатару мураккабтар ва боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мавқеи худро дар ин давлати ҷангзада мустаҳкамтар намуда, амалҳои ноҷавонмардона ва зиддиинсонии хешро бо ҳар роҳу васила дар саросари Афғонистон ба роҳ монда истодаанд. Намоиши кирдорҳои зишти асримиёнагӣ, куштор, ғорат, таҷовус, озору азияти мардуми бегуноҳ, ки аз тарафи гурӯҳи тундгарои “Толибон” имрӯзҳо дар ҳар як гӯшаи Афғонистон амалӣ мешаваду тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш гузошта шуда истодааст, ҳеҷ як фарди худогоҳу хештаншиносро бетараф гузошта наметавонад.
Агар аз нигоҳи сиёсиву ҷомеашиносӣ вазъи имрӯзаи Афғонистонро мавриди таҳлил ва баҳогузорӣ қарор диҳем, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар паси пардаи гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ҳатман ин ё он давлатҳои абарқудрат баҳри манфиат бурдан қарор дораду аз мардуми бумии ин ё он давлату минтақа ба осонӣ истифода бурда истодааст. Ин амалу кирдорҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ халқияту миллатҳо, аз ҷумла моро ба он водор месозад, ки ҳамеша ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста баҳри ҳифзу ҳимояи давлату миллати хеш камари ҳиммат бандем.
Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) сарҳади давлатҳоро убур намуда, дар натиҷаи бепарвоӣ, худноогоҳӣ ва хештанношиносии ин ё он халқияту миллатҳо бо роҳандозии таблиғи зидди расму русум, анъанот ва сохтори конститутсионии давлатҳо нигаронида шуда, тавассути низоъҳои нарм ба расму ойин ва анъанаҳои суннатии онҳо чанг мезанад, ки оқибаташ боиси манфиат бурдани якчанд гурӯҳҳову абарқудратҳо ва маъюсиву аз байн рафтани аксарияти давлатҳои ҷаҳон мегардад. Дар замони пурпечутобу мураккаби муосир агар ин ё он халқияту миллатҳо дар ақидаи худ устувор набошанду ба расму русум ва анъаноти аҷдодии хеш арҷгузор набошанд, дар ҳалқаи зулмоти худфирефтагии хеш банд гардида маҳв мешаванд. Имрӯз мо чунин ҳолатро дар ҳамсоякишварамон мушоҳида намуда истодаем.
Афғонистон ба пойгоҳи пиёдасозии амалҳои террористиву ифротгароӣ ва ба макони терроризми байналмилалӣ табдил ёфта, ҳар лаҳза эҷоди таҳдиди хатарҳои навро ба минтақа ва ҷаҳон дорад. Кишвари азизамон Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш аз 1400 км сарҳад дорад, вазъияти кунунии ҳамсоякишвар ҳар яки мо шаҳрвандони мамлакатро бетафовут гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони кишвар, бахусус сокинони минтақаҳои наздимарзиро мебояд, ки ҳамеша ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, равобити ҳамкории мутақобиларо бо марзбонон ва кормандони мақомоти қудратӣ аз пештар дида мустаҳкамтар ва устувортар ба роҳ монем. Имрӯзҳо агарчӣ сарҳади давлатии мо пурра зери назорати сарҳадбонони тоҷик тинҷу ором аст, лекин омода будану илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ дарк кардану баҳри ҳифзи ҳар як хасу хоки Ватан тайёрӣ дидан ин яке аз ойини ватандорию ватандустӣ ва ҷавонмардии мо ба шумор меравад.
Чуноне ки шоире фармудааст:
Ватан оромиат оромии мост,
Ҳама нокомиат нокомии мост,
Туро ҳаргиз набошад ҳеҷ айбе,
Агар бошад нишони хомии мост.
Ин неъмати бебаҳои ватандорӣ, ки Худованд тавассути фарзонафарзанди миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо арзонӣ доштааст, бояд ки баҳри ҳифзаш доиман омода бошему нагузорем, ки қадами номубораки душманон дубора ин хоки муқаддасро касиф созад.
Зиҳӣ миллати тамаддунофар! Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Неъматов Абдуҷаббор, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин