НОРАК. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Таъмиргар» маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар нуҳ моҳи соли 2021 доир карда шуд.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раҳимова Нигина кушода, сипас, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муддати нуҳ моҳи ҳисоботӣ ибрози назар намуда, вазифаҳои ояндаи ташкилотро барои семоҳаи оянда муайян намуданд. Инчунин, корманди масъули ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.