БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТИРИ КАҶ БОИСИ РАСВОИИ ТИРАНДОЗ АСТ

ВОКУНИШ. Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам намудани муносибатҳои байналмилалӣ бо кишварҳои хориҷи кишвар муносибатҳои дӯстона ва самимона дошта, дар навбати худ ба давлатҳои хориҷа мунтазам сафарҳои корӣ доранд.

Рӯзҳои 11-14-уми октябри соли равон сафари кории Сарвари давлат ба кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса қарор гирифт, ки дар он роҳбарони давлатҳо - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари давлати Фарона Эманнуэл Макрон оид ба муносибатҳои дӯстонаи байни ҳамдигарӣ, вазъи мураккаби сиёсии Афғонистон, масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуданд.

Вале ҳамаи ин муваффақиятҳо, муносибатҳои шариконаву дӯстонаи Тоҷикистону Аврупо чашми мухолифин ва ҳасудхӯронро кӯр кардааст. Онҳо ба ҷои ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ доштан бо аҳдофи ғаразноку бадхоҳонаи худ обрӯву нуфузи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ резондан мехоҳанд.

Ҳамин буд, ки як гурӯҳи хурди мухолифин гирдиҳамоӣ намуда, пешравиву рушди кишварамонро нодида гирифта, бо суханони дағалу қабеҳ баромад намуда, саҳнаи навбатии «ғарибона»-и худро пешниҳод намуданд.

Ин тоифа ҷавонони роҳгумзада дар асл хоинони миллат,ватанфурӯшони зархариданд, ки дар кишварҳои Аврупо баромад мекунанд, ки ҳамаи гуфторашон дурӯғу кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ мебошанд. Онҳо ҷавонони дур аз илму маърифатмонда, ғарибу беватан ва бешарафанд.

Чунин эътирозҳои сарироҳӣ ва муғризона ҳеҷгоҳ обрӯву нуфузи кишварамонро коста намегардонад.

Хоинони миллат то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ даст накашидаанд, вале дар ҷомеа бо ин нотавонбиниҳояшон ба номи худ фақат иснод меоранду дигар ҳеҷ!

Ҳарфи беҷо надиҳад ғайри хиҷолат самаре,

Тири каҷ боиси расвоии тирандоз аст.

Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg