ЛЕВАКАНТ. Дар толори беморхонаи марказии шаҳри Левакант бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора, муовини раси шаҳр Саидзода Абдусаттор ва дигар шахсони расмӣ, маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда дар cемоҳаи чоруми соли равон баргузор гардид.
Олимзода Низора раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр дар маҷлис оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пеш истода ва баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, обунашавӣ ба рӯзномаҳои ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки минбаъд низ мо бояд нисбат ба татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ масъулият ҳис намоем ва дар чорабиниҳо ва ҳашарҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат варзем.
Раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод дар назди ҷамъомадагон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҲХДТ зодаи даврони истиқлолият буда, дар асоси умеду орзуҳои мардуми шарифи кишвар таъсис ёфтааст. Пешравию рӯйдодҳои муҳиму умдаи таърихи навини Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ дорад. Робитаи қавӣ доштан бо халқ ифодакунандаи ормонҳои бисёрсолаи он ҷавҳари асосии ҲХДТ-ро ташкил медиҳад. Ҳар як аъзои ҳизб бояд дурбину дурандеш бошад ва барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боҷуръатона ҷидду ҷаҳд намояд.