БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМГУЗОРӢ БАҲРИ ОБОДИИ МАҲАЛ

ДАНҒАРА.  Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримзода Пирмуҳаммад Афғон ва раиси ҷамоати деҳоти Корез Қурбонзода Баҳром дар деҳаи Туябиюни ҷамоати деҳоти Корез бо истиқоматкунандагони деҳаи номбурда мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқот Каримзода Пирмуҳаммад Афғон  дар бораи  саҳмгузоштан дар ободии деҳаи худ ва таъмини шароити инфрасохтори деҳа суханронӣ намуда, иброз дошт, ки саҳм гузоштан дар ободии маҳал ё деҳаи худ ин яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҳукумат, инчунин ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Сипас, Қурбонзода Баҳром ва сокинони деҳа дар навбати зикр карданд, ки ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар ва ҲХДТ – ро дастгирӣ намуда, дар кӯтоҳтарин фурсат роҳи деҳаро то маркази ҷамоати деҳот  сангфарш менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg