БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОТИРИ ҶАМЪ ҲАМОН ХОНАВУ ХОНИ ПАДАРИСТ...

АНДЕША.  Албатта, хотирҷамъии мо ин хонаи мо, кӯчаи мо, маҳаллаи мо, деҳаи мо ва албатта Ватани азизи мо мебошад. Шахс хотирҷамъу осуда, бе ташвишу бе нигаронӣ танҳо дар меҳани худ, дар меҳане, ки дар онҷо зода шудааст, меҳане, ки дар он нафас кашидаву бузург шудааст буда метавонаду халос. Чун бузургон гуфтаанд:

Хотири ҷамъ ҳамон хонаву хони падарист,

Баъд аз он қасру сарои мо ҳама дарбадарист.

Дар мулки ғайр, ягон нафар магар хотирҷамъ буда метавонад? Ба андешаи ман не. Дар мамолики ғайр шахс танҳо сарсону саргардон, парешонхотиру озурда буда,  ҳамеша ёди  Ватан, падару модар, фарзандон ва дӯстон мекунад. Ба қадри обу хоки Ватан касе расида метавонад, ки солҳо дур аз он дар ғурбат зиста бошад, ранҷу азоби танҳоиро чашида бошад, муомилоти бегонагонро таҳаммул карда бошад, рӯзҳову шабҳоро дар хавотирӣ паси сар карда бошад. Инро муҳоҷироне, ки дур аз Ватан ҳастанд хубтар дарк менамоянд. Мегӯянд, ки “Дар Ватани худ гадо будан беҳ аст аз оне, ки дар мулки дигар шоҳ будан ”.

Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Хулоса, бузургон хоки Ватанро беҳ аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд. Пас ҳар яки моро низ зарур аст, ки ин муқаддасоти бебаҳоро нигаҳбон бошем, илму дониш, касбу ҳунар омӯзему дар Ватани худ мутахассиси хуб шуда, кору фаъолият намоем. Чун омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ба мо имконият медиҳад, ки дар мулки бегона муҳоҷир нашуда, дар Ватани азиз дар назди пайвандони худ бошем ва бо хотири ҷамъ хизмати Ватанро адо намоем.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg