БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИСОБОТИ ҶАМЪБАСТИИ 9 МОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ВОСЕЪ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Литсейи касбӣ- техникии”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбук маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи сеюм баргузор намуданд.

Масъулин дар маҷлис вобаста ба зиёд намудани аъзои ҲХДТ аз ҳисоби шахсони фаъол, рафти иҷроиши “Обуна-2022” ба нашрияи “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, аз он ҷумла иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ, инчунин саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи ҷавонон ва ба онҳо омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун баҳри ояндаи дурахшон андешаронӣ карданд.

Дар идома, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Назаров Раҳматулло дар бораи семоҳаи сеюм шунида шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайян карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg