ВОСЕЪ. Бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Хушов Нурмуҳаммад ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар толори ҷамоати деҳоти Тугарак маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи сеюми ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тугарак" баргузор гардид.
Сараввал дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Тугарак" Хушов Нурмуҳаммад оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, баъдан қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ дар назди ҳозирин оид ба зиёд намудани сафи аъзои ҳизб, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, ҳарчи зудтар иҷро намудани нақшаи “Обуна-2022” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.
Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои созандагиву ободкорӣ ва аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии диёр саҳми муносиби худро гузоранд.