БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ОЯНДА МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳияи Восеъ, ки яке аз ташкилотҳои ибтидоии фаъолтарин маҳсуб меёбад, бо иштироки масъулини ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботи семоҳаи сеюми ташкилот  баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонова Моҳшариф дар борои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, баъдан қарорҳои лозима қабул карда шуд.

Сипас, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар назди ҳозирин оид ба қабул намудани шахсони масъулиятнок ва арзанда ба сафи ҲХДТ, иҷрои саривақтӣ ва пурраи нақшаи “Обуна-2022”, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ва саҳмгузор будан дар ҳифзи саломатии сокинон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ҳамаи  моро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ сидқан талош намуда, саҳмгузори ояндаи дурахшон бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg