БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ фарогири тамоми масоили сиёсати дохилу хориҷии кишвар дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, таҳлили воқеии 30-соли соҳибистиқлолии мамлакатро оид ба бурду бохт ва имконоту шароитҳои бадаст омада дар ҳалли мушкилот ва эҳтиёҷоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳама соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, роҳсозӣ, кишоварзӣ, рушди энергетика ва ҳалли се ҳадафи стратегии пешбинигардида, аз ҷумла раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба хотири некуаҳволии мардуми Тоҷикистон ноил гардида, яке аз ҳадафҳои стратегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя сазовор шуд.     

Истиқлолияти кишвар баландтарин туҳфаест, барои миллати тоҷик ва ин неъмати бебаҳо, яъне “Истиқлолияти давлатӣ” ба осонию арзонӣ ба мо насиб нагардидааст, зеро солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазнинтарин шароит, яъне бо қувваи миёнаравони хориҷӣ ва манфиатҷўёни дохилӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чун абри сиёҳ ба сари мардуми Тоҷикистон омада, ҳисси боварии падару писар ва бародару хоҳарро рабуда, қисми зиёди мардумро оворагарду фирорӣ намуда, кишвари азизамонро аз роҳи рушд ба даҳсолаҳои дур қафо кашид.

Боиси қайд аст, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баратараф намудани ҷанги хонумонсӯзи таҳмилӣ баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, баргардонидани фирориён ба Ватан, бартарафсозии зараҳои баъди ҷангӣ, қонеъ гардонидани боварии мардум ба ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиста дар Тоҷикистон басоҳам назаррас ва фаромӯш нашуданист.

Дўст доштани Ватан, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, саҳмгузорӣ дар рушди созандагию бунёдкории ин сарзамин, шукргузор будан ва ифтихор доштан ба ин миллату давлат хислатҳои неки ҷавонмардонаи Пешвои миллат буда, мактаби бузургест барои насли наврасу ҷавони мамлакат.

Зеро ҳар тадбире, ки дар кишвар амалӣ мегардад ба хотири ояндаи орому осоишта баҳри зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон, ба хусус ҷавонони саодатманд ва созандагони фардои ҷомеа мебошад.

Воқкан ҳам назаррас аст, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар самти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дастгирӣ ёфта, имрўзҳо саҳми арзандаи онҳо дар рушду нумуи кишвари биҳиштосо назаррас ва пурифтихор аст.

Ҳанӯз дар нахустин ҷалласаи Ичлосияи таърихии Хуҷанд, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гардид ба ҷавонон такя карда, ба онҳо эътимод намуда, ояндаи Ватанро ба души онҳо гузошт. Инчунин, барои таълим ва тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандўстию хештаншиносӣ тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, сиёсати давлатии ҷавононро дар самти иҷтимоии кишвар қабул намуд.

Бинобар ин, мо ҷавононро зарур аст, ки барои сазовор гардидан ба боварию эътимоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имрўзи соҳибистиқлолии кишвар самаранок истифода намуда, вақти қимати хешро дар омўзиши илмҳои муосир аз ҷумла техникаву технология, фанҳои дақиқ физика, химия, математика, астраномия ва забонҳои хориҷи русию ангилисӣ сарф намуда, ҳамчун мутахассиси донишманд ва ботаҷриба омода гардида, тамоми донишу малака ва маҳорати касбии худро дар пайравӣ аз Пешвои миллат баҳри созандагию бунёдкории Ватани азизамон Тоҷикистон сарф намоем.        

Аваз Раҳмонзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg