ҶАЙҲУН. Дирӯз бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ” дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо ҷалби зиёда аз 150 нафар фаъолону сокинони деҳаи болозикр корҳои ободонӣ ва 1500 метр роҳи байни деҳа таъмир гардид.
Дар рафти чорабинӣ доир ба раванди баргузории Аксияи тарғиботӣ -ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» сухан рафта, қайд карда шуд, ки аксияи мазкур бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагонӣ, ободу зебо гардонидани як гушаи диёр ва ҳалли мушкилоти сокинон ҳангоми ҳаракат роҳандозӣ хоҳад гашт. Сокинон аз ин иқдоми неку созанда руҳбаланд гардида, минатдории хешро ба ташаббускорони ин кори хайру савоб ва роҳбарияти кишвар расониданд.