Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Молияи" ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси умумӣ баргузор гардида, дар он фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи сеюми соли 2021 баррасӣ ва муҳокима гардид.
Доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи сеюми соли 2021 муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Молия” ҳисобот дод.
Дар ҳисобот оид ба масъалаҳои ҳалталаби ташкилоти ҳизбӣ ва корҳои ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғи Оиннома ва Барномаи ҳизб, ҳаракати аъзои ҳизб тибқи нишондодди «роҳнамо барои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳамарӯза фаъолият намуда истодаанд. Оид ба самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» , «Тозагии маҳал» корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби аъзои ҳизбӣ ташкилот амалӣ намудаашон ахборот пешниҳод намуд. Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд. Дар кори маҷлис масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия иштирок ва баромад намуд.