БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ ГУРӮҲҲОИ ОСЕБПАЗИРИ АҲОЛӢ ВА ТАЪМИНИ САРИВАҚТИИ НАФАҚА ВАЗИФАИ МУҲИМТАРИНИ КОРМАНДОНИ СОХТОРИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Тибқи  нақшаи фаъолияти  кории Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  санаи  18-уми октябри соли 2021 дар  ташкилоти  ибтидои   Нафақа  маҷлиси ҳисоботи семоҳаи сеюм фаъолияти  ҳизб баргузор  гардид.

     Дар маҷлис оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидои семоҳаи сеюми соли 2021 раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маъруза намуд.

      Дар  вохӯри  намояндагони  Кумитаи  иҷроия  иштирок  намуда  оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизбӣ  сари  вақт  иҷро  намудани  дастуру  супоришҳои  мақомоти  болои  ҲХДТ  андешаҳои  ҷолиб  пешниҳод  намуда ,  таъкид  намуд, ки  барои  иҷрои  онҳо  ҳамеша  омода  бошем. Ҳалли   масъалаҳои  иҷтимоӣ, аз  ҷумла  ғамхорӣ  дар  ҳаққи   гуруҳҳои  осебпазири  аҳолӣ  аз  ҷумла  маъюбон, шахсони  бесарбонмондаву эҳтиёҷманд ва  нафақахӯрону  собиқадорон вазифаҳои  муҳимтарини  кормандони  соҳаи  таъминоти   ҳифзи  иҷтимоӣ  ва  нафақа  мебошад.

Дар  доираи  татбиқи  амалии  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал мекунем! “  корҳои ободонию созандагиро бахшида ба ҷашнҳои таърихи аз ҷониби аъзои ҳизбӣ ташкилот амалӣ намуданашон ахборот пешниҳод намуд.

   Аз  рафти  баргузори  маҷлиси ҳисоботи  аксҳо  бардошта  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg