АНДЕША. Инқилоби илмию техникӣ, ки асри гузашта амалӣ гардид ва имрӯз тамоми сайёра баъзан қадамҳои харобиовари худро низ аз худ мерос гузоштааст, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки чандин фалокатҳои бузурги рӯи олам маҳз аз кашфу ихтирои дастгоҳҳо ё моддаҳои нави химиявӣ амалӣ шудааст. Хусусан инқилобе, ки дар даҳсолаи охир ба инсоният шабакаҳои интернетӣ додааст, назир надорад. Аммо баробари ин аз шабакаҳои интернет мақсаднок истифода бурдан, яке аз омилҳои асосиест, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Дар шабакаҳои интернет суханҳои қабеҳу ғайримаъмулӣ зиёд навишта мешаванд, ки аз доираи одоби инсонӣ берун аст. Агар гӯем, ки 40 %-и ҷанҷоли миёни ҷавонон ҳамин омил аст, ҳеҷ хато нахоҳем кард. Вале ин ҳама на он қадар ташвишовар аст, аз он ки баъзан дар шабакаҳои интернет ба сарлавҳаи хабарҳо назар карда, дар ҳайрат мемонед, ки то чӣ андоза наандешидаву наозмуда дар шабакаҳо шахсони алоҳида маводҳоро ворид месозанд. Аз мазмуну мундариҷаи баъзе маводҳо ба чунин хулоса омадан мумкин, ки ин гуна инсонҳо аз сиёсати давлатдорӣ фарсахҳо дуранду аслан он қадар маълумоте дар бораи Ватан ва ватандорӣ надоранд. Онҳо танҳо ҳамчун як ҷузъи бозӣ ба кори сиёсат ҳамроҳ мешаванду бас. Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернет бозори ҷаҳони ахбор рушд меёбад, ки назорати он аз ҷониби давлат хеле муҳим аст. Шабакаи интернет низ дорои чунин хусусияте мебошад, ки ба назорат тобовар нест.Баъди ташаккули фазои вертуалӣ шабакаи интернет хусусияти сиёсӣ пайдо намуда, дар ин соҳа инқилоби бузургеро ба амал овард. Ташаккули таваҷҷуҳи мардум нисбати интернет ва ҷаҳони виртуалӣ дар он ифода меёбад. Маълум, ки рушди бемайлони шабакаи интернет ба осонӣ вориди саҳнаи сиёсат гардида, боиси дигаргуншавии равандҳои сиёсӣ шудааст. Ҳамчунин, иштирокчиёни равандҳои сиёсӣ низ дар зери таъсири он қарор гирифта, моделҳои нави ҷамъиятиро ба вуҷуд меоваранд.
Ҳасанова Нигора, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Панҷ