БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ - муаррифгари миллат

ПАНҶ. Дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ мебошад ҳар кишварро мебояд мероси фарҳангии худро ҳифз намояд. Зеро дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ фарҳангҳои бузург дигар фарҳангҳоро чун баҳри беохире ба коми хеш кашида, нобуд хоҳанд сохт.

Бо дарназардошти оқибатҳои раванди мазкур имрӯзҳо дар қатори дигар кишварҳо бо роҳнамоӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон ба хотири ҳифзи фарҳанги миллӣ чораҳои муассир андешида мешавад.

Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳифз, рушд, нигаҳдошт ва дар баробари ин муаррифӣ намудани фарҳанги хеш ба ҷаҳониён заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Бо ин мақсад бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ намоиши ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар  ин рӯз ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, дӯзандагӣ бофандагӣ, чакандӯзӣ, ҷӯроббофӣ, кулолгарӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, атласбофию адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, кордсозӣ, сабадбофӣ, муҳрабофӣ ва  ғайра ба намоиш гузошта шуда буданд, ки онҳо бо таърихи куҳан ва нақшу нигори дилкаш таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамоянд.

Зимни боздид аз маҳсули меҳнати дастии ҳунармандон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон бо ҳунармандон суҳбат намуда, қайд кард, ки ҳунарҳои мардумӣ чун неъмати бебаҳост, ки тӯли қарнҳо бо талошу заҳмат ва муҳаббати самимӣ ниёгони мо онро зинда нигоҳ дошта, имрӯз ба мо расидаанд. Пас вазифаи якояки мо шаҳрвандон аз он иборат аст, то ин ҳама меъроси фарҳангиро хуб нигоҳ дорему бо таҳкиму рушд бахшидан, онро ба наслҳои минбаъда ба мерос гузорем.

Дар ҳақиқат  мардуми тоҷик аз азал мардуми фарҳангсолору фарҳангофар буда, дар ҳамаи давраҳои таърих офарандаи ҳунарҳои бузург, нафис ва нодир ба шумор меравад.

Дар воқеъ яке аз нишонаҳои ҳастии миллат фарҳанги миллӣ-ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз ҳифз нигаҳдошт ва пос доштани он вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳ мебошад. Чунки мардуми тоҷик ҳамеша дар ҳама давру замон ҳунарҳои ба худ хоси миллиро доро буданд ва ҳастанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg