ДАНҒАРА. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “ КАТС” маҷлиси ҳисоботӣ гузаронида шуд.
Пас аз шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, қарорҳои дахлдор оид ба рафти кори ташкилот қабул карда шуд. Сипас, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроия оид ба тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилот, сари вақт гузаронидани маблағи аъзоҳаққӣ дар шаҳодтномаҳои ҳизбӣ обуна шудан ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” маслиҳатҳои муфид дода шуд.