БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ КИШВАР ПАЙРАВИ СОДИҚИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕБОШАНД

АНДЕША. Ҷавонон дар ҳар кишвари дунё қишри асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд ва давлате, ки ба ин масъала, яъне ба сиёсати давлатии ҷавонон аҳамият медиҳад, аз ҳар мавқеъ – ҳам кишвари осоишта ва аз ҷиҳати тараққиёт рушдкарда мебошад.

Имрӯзҳо давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон корҳои зиёде ба сомон расида истодааст. Аз ҷумла, Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҷавонон ва барномаи вижаи «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастгирии соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо мавриди амал қарор доранд, ки ин ҳуҷҷатҳо мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро мушаххас кардаанд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. ҲХДТ нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳад.  Чун аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Ҳамин тавр, ҳаллу фасли масоили ҷавонон дар ҷумҳурӣ аз соли 1994 инҷониб дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шудааст ва он то кунун идома дода мешавад. Яъне дар сатҳи ташкилию ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодии ҷавонон мушкилие нест.

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои малакаи баланди зуд аз худ намоӣ, нерӯи муҳимми пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш қайд намуданд, ки “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Зикр бояд намуд, ки беш аз 30 сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки мо ҷавонон мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои носолим ва бадхоҳони миллати тоҷик нагардем, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошем. Ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии сартосарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаанд.

Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд. Пас, мо ҷавононро мебояд, ки ба қадри дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат бирасем ва масъулиятамонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ даҳчанд намоем.

Мо ҷавонони кишвар худро воқеан, давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Сарвари давлатамонро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои азизи миллат барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро доимо равона месозем.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg