ФАРХОР. Бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Сайфуддинов Сафар дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36 ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "1-Май" баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии " 1-май" Сайфуддинов Сафар оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ шунида шуда, баъдан қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки минбаъд низ мо бояд нисбат ба татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ масъулият ҳис намоем ва дар чорабиниҳо ва ҳашарҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат намоем.