ФАРХОР. Бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қодиров Бахтиёр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии " Истиқлол" баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Истиқлол" Қодиров Бахтиёр оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 шунида шуда, баъдан қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоӣ дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, инчунин қайд кард, ки дар оянда нисбат ба кори ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ масъулият ҳис карда, дар ҳамаи чорабиниҳо ва ҳашарҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат менамоем.